News Item
Ташаббуси «Сафир барои як рӯз», ки ба рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва занон дар соҳаи технология бахшида шудааст, занон-дипломатҳои ояндаро дар Душанбе ҷамъ мекунад
Гурӯҳи сеюми фаъолдухтарон барои гузаронидани як рӯз бо пешвоёни дипломатӣ дар доираи ташаббуси “Сафир барои як рӯз» интихоб карда шуд. Имсол сафоратхонаҳо, намояндагиҳои дипломатӣ ва дафтарҳои созмонҳои байналмилалӣ нӯҳ нафар ғолибони (финалисти) озмуни видеоии кушодаро даъват карданд, ки 9 апрели соли 2026 ба ин ниҳодҳо ҳамроҳ шаванд, то як рӯз нақши сафирро иҷро кунанд ва дар бораи кори дипломатӣ, роҳбарӣ ва масъалаҳои ҷаҳонӣ маълумоти мустақим гиранд.
- Issued on:
- Issued by:
- OSCE Programme Office in Dushanbe
- Fields of work:
- Баробарии гендерӣ
Гурӯҳи сеюми фаъолдухтарон барои гузаронидани як рӯз бо пешвоёни дипломатӣ дар доираи ташаббуси “Сафир барои як рӯз» интихоб карда шуд.
Имсол сафоратхонаҳо,намояндагиҳои дипломатӣ ва дафтарҳои созмонҳои байналмилалӣ нӯҳ нафар ғолибони (финалисти) озмуни видеоии кушодаро даъват карданд, ки 9 апрели соли 2026 ба ин ниҳодҳо ҳамроҳ шаванд, то як рӯз нақши сафирро иҷро кунанд ва дар бораи кори дипломатӣ, роҳбарӣ ва масъалаҳои ҷаҳонӣ маълумоти мустақим гиранд.
Сафоратҳои Фаронса, Олмон, Ҷумҳурии Корея, Туркия, Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Намояндагии Итиҳоди Аврупо, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, Дафтари ҳамкории Швейтсария, инчунин Дафтари ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид нӯҳ ниҳоде мебошанд, ки имсол ин ташаббусро ба зимма гирифтанд (роҳбарӣ мекунанд).
Ташаббуси имсола ба рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва занон дар соҳаи технология бахшида шуда, ба роҳбарии занон ва нақши онҳо дар технология нигаронида мешавад. Он нақши муҳимеро, ки ҷавонон, бахусус ҷавонзанон дар ташаккули ояндаи устувортар ва фарогиртар мебозанд, эътироф мекунад.
Ғолибон (финиалистҳо) тавассути озмуни видеоии кушода, ки моҳи марти соли 2026 дар ҷараёни маъракаи Рӯзи байналмилалии занон баргузор шуд, интихоб карда шуданд, ки дар он онҳо андешаҳои худро барои рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва занон дар соҳаи технология мубодила карданд. Пешниҳодҳои эҷодӣ ва пурҷӯшу хурӯши онҳо нақши муҳими ҷавононро дар пешрафти технологӣ нишон доданд.
Дар тӯли рӯз иштирокчиён дар мубоҳисаҳои интерактивӣ иштирок мекунанд, фаъолияти роҳбарони дипломатиро мушоҳида мекунанд ва меомӯзанд, ки ҳамкориҳои байналмилалӣ чӣ гуна масъалаҳои муҳимтарини имрӯзаро ҳал мекунанд. Ба ҳар як иштирокчӣ шаҳодатномаи иштирок супурда мешавад.
Бо кушодани дарҳои худ ба насли ояндаи такондиҳандаи тағйирот мо ӯҳдадории муштараки худро барои тавондмандсозии занони ҷавон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгирии баробарии гендерӣ ва ташвиқи роҳбарии ҷавонон дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ тасдиқ мекунем.
#СафирБароиЯкРӯз