News Item
САҲА ба воҳидҳои милитсия оид ба масъалаҳои гендерӣ дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти технологияҳои иттилоотиро тӯҳфа кард
12 марти соли 2026 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) ба воҳидҳои милитсия оид ба масъалаҳои гендерӣ дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи таҷҳизоти технологияҳои иттилоотиро тӯҳфа кард.
- Issued on:
- Issued by:
- OSCE Programme Office in Dushanbe
- Fields of work:
- Баробарии гендерӣ, Rodno zasnovano nasilje
12 марти соли 2026 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) ба воҳидҳои милитсия оид ба масъалаҳои гендерӣ дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи таҷҳизоти технологияҳои иттилоотиро тӯҳфа кард.
Таҷҳизоти техникии тӯҳфашуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯшишҳои он ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бо зӯроварии хонаводагӣ дар кишвар кумак хоҳад кард. Аз ҷумла, он кори 20 воҳиди милитсия оид ба масъалаҳои гендерии амалкунандаро, ки 14-тои онҳо бо дастгирии Дафтари барномаҳо таъсис дода шудаанд, тақвият хоҳад дод. Ин дастгирӣ ба воҳидҳо дар муайян кардани саривақтии парвандаҳои зӯроварии хонаводагӣ, таъмини ҳифзи муассири ҷабрдидагон ва бозравонии онҳо ба хадамотҳои дахлдори дастгирӣ кумак хоҳад кард.
Ғайр аз ин, таҷҳизоти технологияҳои иттилоотии тӯҳфашуда ба бақайдгирии самараноктари парвандаҳо ва оғози мурофиаҳои судӣ, инчунин нигоҳдории бехатари омор барои гузоришдиҳӣ ва таҳияи сиёсат дар асоси далелҳо мусоидат хоҳад кард.
Афсарзанони милитсия, ки асосан воҳидҳои милитсия оид ба масъалаҳои гендериро ташкил мекунанд, барои дуруст баррасӣ шудани парвандаҳои ҷабрдидагон ва афзалият додан ба ниёзҳои онҳо мусоидат мекунанд.
Чорабинии мазкур дар доираи дастгирии доимии Дафтари барномаҳо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вокуниш ба зӯроварии хонаводагӣ тавассути усули ба ҷабрдидагон нигаронидашуда сурат гирифт. Он инчунин ба иҷрои ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби САҲА оид ба пешгирӣ ва мубориза бо зӯроварӣ нисбати занон, аз ҷумла зӯроварии хонаводагӣ, мусоидат мекунад.