Skip Links

News Item

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯшишҳои амнияти минтақавӣ пешсаф аст, зеро мутахассисони Осиёи Марказӣ омӯзиши муосири безарарсозии маводи таркандаро анҷом медиҳанд

6 феврали соли 2026, Маркази минтақавии таълимии нобудсозии маводи таркандаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) омӯзишии чорҳафтаинаи минтақавиро оид ба нобудсозии маводи тарканда ва расонидани ёрии тиббӣ ба захмдорони амалиёти тактикии ҷангӣ ба анҷом расонд.

Issued on:
Issued by:
OSCE Programme Office in Dushanbe
Fields of work:
Назорати яроқу аслиҳа

6 феврали соли 2026, Маркази минтақавии таълимии нобудсозии маводи таркандаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) омӯзишии чорҳафтаинаи минтақавиро оид ба нобудсозии маводи тарканда ва расонидани ёрии тиббӣ ба захмдорони амалиёти тактикии ҷангӣ ба анҷом расонд.

Дар ин омӯзиш 18 мутахассиси минарӯбӣ аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон таълим дода шуданд, ки нақши Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун платформаи минтақавӣ барои коршиносии минарӯбӣ нишон дод. Дар омӯзиш инчунин мутахассисони Бунёди минарӯбии башардӯстонаи швейтсарӣ (FSD), созмони “Кӯмаки мардуми Норвегия” (NPA) ва САҲА-ро ширкат карданд. Барномаи таълимӣ омехтаи мураккаби омӯзиши назариявӣ ва амалиро пешниҳод намуд, ки махсус барои муҳитҳои хатарнок тартиб дода шудааст. Иштирокчиён дар бораи иктишоф ва ҳамлу нақли маводи тарканда, идоракунии майдони нобудсозӣ ва профилҳои пурраи миссия таълим дода шуданд ва бо ин васила қобилияти онҳо оид ба идоракунии таҳдидҳои мураккаби тарканда тақвият дода шуд. Салоҳиятҳои асосӣ муайян кардани протоколҳои интиқоли бехатари муҳимоти мушаххас, муайян кардани намудҳои гуногуни тарконак ва гузаронидани амалиётҳои ҳамзамони нобудсозӣ мувофиқи Стандартҳои байналмилалии амалиёти минарӯбиро (IMAS) дар бар гирифтанд.

Аҳамияти ин омӯзишро иштирокчиён ба монанди Азима Давлатхоҷаева, Мушовири робита бо ҷомеаи созмони “Кӯмаки мардуми Норвегия” (NPA), ки рушди шахсӣ ва касбиии худро дар натиҷаи иштирок дар барнома қайд кард, таъкид карданд:

“Курси таълимии нобудсозии маводи таркандаи Сатҳи 2 барои ман як таҷрибаи пурмазмун ва пурқувват буд. Омӯзиш душвор буд, аммо он ба ман кӯмак кард, ки эътимодро мустаҳкам кунам ва малакаҳои техникӣ ва таҷрибаи амалии худро дар нобудсозии маводи тарканда беҳтар кунам. Ҳамчун яке аз занони иштирокчӣ бори дигар боварӣ ҳосил намудам, ки занон низ метавонанд ин корро анҷом диҳанд ва дар амалиёти минарӯбӣ нақши муҳим бозанд. Шахсан ба ман ин курс нишон дод, ки ман ба чӣ қодирам. Ман аз намояндагӣ кардани занон дар ин соҳа фахр мекунам».

Дар баробари омӯзиши техникӣ оид ба нобудсозии маводи тарканда, қисми таълимии расондани ёрии аввалияи тиббӣ ба захмдорон дар амалиёти тактикии ҷангӣ (Сатҳи 2), ки аз ҷониби Иёлоти Муттаҳида роҳбарӣ мешавад, иштирокчиёнро бо малакаҳои муҳими наҷотдиҳӣ дар муҳити ҷангӣ муҷаҳҳаз кард. Тавассути машқҳои воқеӣ иштирокчиён омӯхтанд, ки чӣ гуна хунравии шадидро боздоранд, роҳҳои нафасро идора кунанд ва гардиши хунро устувор созанд. Ин омӯзиш ба гурӯҳҳои нобудсозии маводи тарканда барои расонидани ёрии фаврӣ ва наҷотбахши ҳаёт дар ҳолатҳои бардоштани ҷароҳат, ҳатто дар муҳитҳои дурдаст ва хатарнок имкон дод.

Ин омӯзиш дар доираи барномаи САҲА “Ҳамкории ҳамаҷониба дар соҳаи маводи тарканда” (ICExH) мебошад, ки суботи минтақавиро тавассути тақвияти иқтидорҳои миллӣ дастгирӣ мекунад. Танҳо дар соли 2025, ICExH иқтидори 87 кормандро (аз ҷумла ҳафт зан) дар саросари Осиёи Марказӣ тавассути шаш курси махсуси нобудсозии маводи тарканда, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад, тақвият дод.

Бо ҳамоҳангсозии қобилиятҳои техникӣ ва тиббӣ дар саросари кишварҳои Осиёи Марказӣ ва пешбурди рушди касбии фарогир, барномаи ICExH иқтидори устуворро барои коҳиш додани хатарҳои маводи тарканда дар минтақа тақвият медиҳад. Ин ҳамкории минтақавӣ бехатарии амалиёти минарӯбии башардӯстонаро дастгирӣ мекунад, ба ҳифзи ҳаёти шаҳрвандон мусоидат мекунад ва баргардонидани заминро барои истифодаи самараноки иқтисодӣ мувофиқи стандартҳои байналмилалӣ таъмин мекунад.


Contacts

Мунира Шоинбекова

Ёрдамчии калон оид ба ВАО ва равобит бо ҷомеа

Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
кӯчаи Аҳмади Дониш 18a
734012 Душанбе
Tajikistan