Skip Links

Ваколат

Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе фаъолияти худро дар ҳар се андозагирӣ дар доираи муносибати ҳамаҷониба ва ба ҳамкорӣ асосёфтаи САҲА ба амният амалӣ менамояд. Бо таваҷҷӯҳи махсус ба минтақаи Осиёи Марказӣ, Дафтари барномаҳо тадбирҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мубориза бо душвориҳо ва таҳдидҳо ба амният, дар пешгирии низоъҳо ва танзими бӯҳронҳо дастгирӣ мекунад. Дафтар инчунин ба таҳкими институтҳои сиёсии демократӣ, хадамоти милитсия, волоияти қонун ва риояи ҳуқуқи инсон мусоидат мекунад.