News Item

САҲА ва Иттиҳоди Аврупо анҷоми лоиҳаи шашсоларо оид ба таҳкими сарҳади ҷанубии Тоҷикистон ҷашн мегиранд

Issued on:
Issued by:
OSCE Programme Office in Dushanbe

Рӯзи 24 сентябр Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) маросими ҷамъбастии лоиҳаи шашсолаи «Босуботгардонии минтақаи сарҳади ҷанубии Тоҷикистон бо Афғонистон»-ро баргузор намуд. Ин лоиҳа, ки аз ҷониби Хадамоти воситаҳои сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо бо маблағи 10,6 миллион евро маблағгузорӣ шудааст, аз соли 2020 инҷониб аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар ҳамкории зич бо Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардид. Лоиҳа ба таҳкими амният ва суботи сарҳадӣ ва ҳамзамон ба дастгирии иқтидори амалиётии дарозмуддати Қӯшунҳои сарҳадӣ саҳм гузошт.

Лоиҳа як қатор натиҷаҳои муҳимро ба даст овард: беш аз 2100 нафар хизматчиёни ҳарбӣ, аз ҷумла 120 зан, дар самти рушди малакаҳои амалиётӣ ва тиббӣ омӯзонида шуданд; таҷҳизоти муҳофизати инфиродӣ ва тиббӣ, шаш қаиқи мотордор, ду мошини дорои иқтидори баланди гузариш (4x4), се мошини ёрии таъҷилӣ, генераторҳо ва таҷҳизоти чопкунии харитаҳо таъмин карда шуданд; панҷ синфхона ва се бинои модулӣ (контейнерӣ) барои воҳидҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ таъмир ё дастрас гардиданд ва як шӯъбаи беморхона дар шаҳри Хоруғ бо таҷҳизоти пурра ба истифода дода шуд. Аз 182 системаи назорати видеоӣ (CCTV), ки пешниҳод шуда буданд, 110 адад насб гардиданд ва ҳамзамон Қӯшунҳои сарҳадӣ бо қобилияти мустақилона насб кардани ин ва дигар камераҳо таъмин карда шуданд.

Дар маросими ҷамъбастӣ Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Ҷ.О. Сафир Дарски, намояндагони Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла генерал-майор Мирзозода, инчунин намояндагони Комиссариати Олии СММ оид ба гурезагон, Хазинаи кӯдакони СММ ва Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх иштирок доштанд.

Аз оғози лоиҳа, Комиссариати Олии СММ оид ба гурезагон, Хазинаи кӯдакони СММ ва Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дар ворид намудани принсипҳои ҳуқуқи инсон ба чорабиниҳои таълимӣ нақши муҳим бозида, ба ташаккулдиҳии усули ҳамаҷонибаи таъмини амнияти сарҳад саҳм гузоштанд.

Дар ҷараёни маросим Роҳбарияти сатҳи болои Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дастовардҳои лоиҳаро қайд намуда, барои дастгирии назарраси молиявии Иттиҳоди Аврупо, инчунин барои ҳамкории мустаҳкаме, ки бо Қӯшунҳои сарҳадӣ ва ташкилотҳои ҳамкор дар тӯли татбиқи лоиҳа ба роҳ монда шуда буд, изҳори сипос намуданд. 
 


Иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Ҷаноби Доминик Драснар аҳамияти васеътари лоиҳаро таъкид намуд: «САҲА аз дастгирии Стратегияи миллии идоракунии сарҳадӣ тавассути лоиҳаҳои мушаххасе, ки амнияти сарҳадро тақвият медиҳанд, ифтихор дорад; ин амният барои таъмини ҳамкорӣ ва мубодила дар сатҳи сарҳадӣ ва ҳамзамон ҳифзи ҷомеаҳо нақши муҳим мебозад. Бояд қайд намоям, ки чунин кӯшишҳо на танҳо барои амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки барои суботи минтақаи васеътари САҲА низ ҳаётан муҳиманд».

Чорабинӣ бо имзои созишномаи хайрия оид ба интиқоли дороиҳои ниҳоии лоиҳа ба Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт. Ин дороиҳо ду мошини боркаши сабукрав (пикап)-ро, ки бо системаҳои пайгирии GPS муҷаҳҳаз буданд, инчунин таҷҳизоти офисӣ ва дигар воситаҳоро барои дастгирии амалиёти посбонии сарҳадӣ ва иҷрои вазифаҳои ҳаррӯза дар бар гирифтанд.

Иштирокчиён инчунин имконияти дидани намоишгоҳи аксҳоро доштанд; дар он натиҷаҳои асосии фаъолиятҳое, ки аз ҷониби дастаи САҲА аз оғози марҳилаи аввали лоиҳа амалӣ шудаанд, ба намоиш гузошта шуда буданд.

Анҷоми ин лоиҳа марҳилаи муҳимеро дар шарикии байни Иттиҳоди Аврупо, САҲА ва Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ба тақвияти амният, субот ва эҷоди иқтидори устувор дар сарҳади ҷанубии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунад.

 


Contacts

Мунира Шоинбекова

Ёрдамчии калон оид ба ВАО ва равобит бо ҷомеа

Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
кӯчаи Аҳмади Дониш 18a
734012 Душанбе
Tajikistan

Anisa Hojieva

National Communications and Outreach Officer

OSCE Program Office in Dushanbe

18 A A.Donish street
Dushanbe
Tajikistan