News Item
САҲА савияи дониши кормандони Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи тиҷорати электронӣ тақвият медиҳад
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе баргузории курси таълимии серӯзаро оид ба тиҷорати электрониро барои 25 корманди Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба наздикӣ таъсис ёфтааст, дастгирӣ намуд.
- Issued on:
- Issued by:
- OSCE Programme Office in Dushanbe
- Fields of work:
- Фаъолияти иқтисодӣ
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе баргузории курси таълимии серӯзаро оид ба тиҷорати электрониро барои 25 корманди Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба наздикӣ таъсис ёфтааст, дастгирӣ намуд. Дар ин омӯзиш 8 зан ва 17 мард иштирок карданд. Курс аз 22 то 24 сентябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи дониши иштирокчиён дар соҳаи тиҷорати электронӣ ва такмили малакаҳои амалии онҳо дар ин самти босуръат рушдёбанда буд.
«Тиҷорати электронӣ барои соҳибкорон ва истеъмолкунандагон дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои нав фароҳам меорад. Шарикии САҲА бо Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ба табдил додани таҷрибаи муштарак ба амалҳои мушаххас мусоидат мекунад. Он инчунин ба рушди иқтисоди рақамии дастрас ва фарогир мусоидат хоҳад кард», – гуфт Каролин Апҳэм, роҳбари Департаменти иқтисодӣ ва экологии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе.
Барномаи таълимӣ ба ниёзҳои Агентӣ ва кормандони он, ки дорои таҷрибаи гуногуни касбӣ мебошанд, мутобиқ карда шуд. Рӯзи аввал иштирокчиён заминаи ҳуқуқии тиҷорати электронӣ, бозори тиҷорати электронии Тоҷикистон ва асосҳои амалии онро омӯхтанд. Рӯзи дуюм ба масъалаҳои амнияти киберӣ, пардохтҳои рақамӣ ва рушди тиҷорат дар соҳаи тиҷорати электронӣ бахшида шуд. Дар рӯзи охир иштирокчиён масъалаҳои брендинг, маркетинг ва тиҷорати электронии фаромарзиро баррасӣ карданд.
Курс дар пайи арзёбии ниёзҳо, ки аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар соли 2025 гузаронида шуд, таҳия гардид. Он ба таваҷҷуҳи афзоянда ба тиҷорати электронӣ ва аҳамияти рӯзафзуни моделҳои тиҷорати рақамӣ, системаҳои пардохти онлайн ва амнияти киберӣ ҷавоб дод. Омӯзиш инчунин кӯшишҳои Агентиро барои мусоидат ба фароҳам овардани муҳити бехатар ва мусоид барои рушди тиҷорати рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Осиёи Марказӣ ва берун аз он дастгирӣ намуд.